Март 04, 2023 19:48 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди ҳамкории гардишгарии Тоҷикистон ва Ҳиндустон

Мудирони донишгоҳҳои гардишгарии Тоҷикистон ва Ҳайдарободи Ҳинд қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Қарордоди ҳамкориро мудирони Донишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии гардишгарӣ ва мудирияти меҳмондории Ҳайдарободи Ҳинд имзо карданд.

Санади ҳамкорӣ дар чорчуби чаҳорумин ҳамоиши муштараки байналмилалии гардишгарӣ, меҳмоннавозӣ ва аҳдофи тавсеаи пойдор, ки дар шаҳри Ҳайдаробод имзо шуд.

Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин конфронс ширкат ва дастовардҳои саноати гардишгарии Тоҷикистонро баён карданд.

Ин конфронсро Муассисаи миллии гардишгарӣ ва мудирияти меҳмондории Ҳайдаробод ва бо ҳамкории шарикони тавсеа бо ҳузури 150 боздидкунандаи хориҷӣ ва вазири гардишгарии Ҳинд баргузор кард.

 

Барчасп