Март 05, 2023 09:39 Asia/Dushanbe
  • Даъвати боксиёри тоҷик аз муштзани англисӣ барои мубориза
    Даъвати боксиёри тоҷик аз муштзани англисӣ барои мубориза

Нурулло Алиев варишкори тоҷик боксиёри Англисро ба мубориза даъват кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Нурулло Алиев дар саифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз ин мавзуъ хабар дод ва навишт, ки мехоҳад бо Пэдди Пимблет мубориза кунад.

Бояд гуфт охири ҳафтаи гузашта Нурулло Алиев 23 сола аввалин муборизаи худро дар мусобиқоти "Ultimate Fighting Championship" анҷом дод ва бо тасмими аксарияти доварон муқобили Рафаэл Алвеси бразиляӣ пируз шуд.

Ин мубориза дар Лас Вегаси Амрико баргузор шуд дар маҷмуъ Алиев дар муборизаи таркибии ҳерфаӣ 9 пирузи ва бед шикаст дорад.

Пэдди Пимблет низ дар маҷмуъ 20 пирузи ва 3 шикаст дар муборизоти "Ultimate Fighting Championship" дорад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии муборизаи "Ultimate Fighting Championship" ки аз соли 1993 дар Амрико баргузор мешавад варзишкорон дар риштаҳои  ҷузутсу, карате, кикбокс, муай тай, бокс ва гуштин мубориза мекунанд.

Барчасп