Март 05, 2023 11:51 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 605 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон барои кишти анвоъи маҳсулоти кишоварзӣ
    Ихтисоси 605 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон барои кишти анвоъи маҳсулоти кишоварзӣ

Имсол 605 ҳазору 483 гектар замини кишоварзии Тоҷикистон зери кишти анвоъи маҳсулот меравад.

Бар асоси эъломи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон то поёни феврали соли 2023 сатҳи зери кишт ҳудуди 540 ҳазор гектар муъодили 90 дарсад хоҳад буд.

Аз ин миён беш аз 176 ҳазор гектар бо кошти ғалот, 186 ҳазор гектар ба пахта ва ҳудуди 283 ҳазор гектар ба кошти сабзи, маҳсулоти полези ва дигар маҳсулот ихтисос ёфта аст.

Ҳамчунин дар соли 2023 бардошти 1.6 миллион тонна ғалот аз ҷумла 975 ҳазор тонна гандум дар Тоҷикистон барномарзеи шуда аст.

Ҷамоварии пахта низ дар маҳдудаи 430 ҳазор тонна пешбини шуда аст.

Имсол мизони кошти пиёз ва сабзи низ афзоиш меёбад ва мизони бардошти пиёз бояд 747 ҳазор тонна ва сабзи беш аз 500 ҳазор тонна бошад.

Барчасп