СММ то соли 2026 ба Тоҷикистон 370 миллиондоллар ихтисос медиҳад
(last modified Sun, 05 Mar 2023 15:28:09 GMT )
Март 05, 2023 20:28 Asia/Dushanbe
  • СММ то соли 2026 ба Тоҷикистон 370 миллиондоллар ихтисос медиҳад

Бар асоси тавофуқи ҷадиди Тоҷикистон ва Созмони милал, то соли 2026 беш аз 370 миллиондоллар тавассути ниҳодҳои зермаҷмуаи ин созмон ба Тоҷикистон ихтисос дода мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон ва Созмони милал маросимеро ба муносибати 30-умин солгарди ҳузури ин созмон дар ин кишвар баргузор карданд.

Ба гузориши Форс, ин маросим бо ҳузури шарикони Созмони милал, вазоратхона ва ниҳодҳои давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои марбут ба ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, фаъолон ва ожонсҳои СММ дар Тоҷикистон барпо шуд.

Image Caption

Фарҳод Салим, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар суханоне гуфт, ки 30 сол ҳамкории мусмири самар бо Созмони милал ва мушорикати фаъоли Тоҷикистон дар фаъолияти ниҳодҳои он субот карданд, ки ин созмон ва Тоҷикистон ба шарикони қобили эътимоде табдил шудаанд.

Вай дар идома ибрози итимнон кард, ки Тоҷикистон дар оянда низ ба тарвиҷи ибтикороти ҷаҳонӣ дар Созмони милал идома ва ҳамкории худро бо тамомии аъзои ин созмон тақвият хоҳад кард.

Image Caption

Сазин Синон Ӯғлу, ҳамоҳангкунандаи муқими Созмони милал низ дар ин маросим гуфт, имрӯза моҳияти ҳамкории ин созмон бо Тоҷикистон тағйир карда ва аз марҳалае, ки бештар бо «кумак»-и ин созмон ба Душанбе барои таҳаққуқи орзуҳои тавсеаи миллии он убур ва вориди давраи ҷадиди «ҳамкорӣ» шудааст, ки нақши Тоҷикистон дар барномаи ҷаҳонии об нишондиҳандаи ин широкат бузургтар ва муртафеътар аст.

Вай афзуд, дар тӯли 30 соли фаъолият худ дар Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид ба дастёбӣ ба сулҳ ва тавсеа дар ин кишвар кумак кардааст ва танҳо байни солҳои 2005 то 2022, ожонсҳои ин созмон ба унвони кумак ба тавсеаи беш аз як миллиарддоллар ба ин кишвар ироа кардаанд.

Дар чорчуби тавофуқномаи ҷадиди ҳамкории Созмон милал ва Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026, ожонсҳои ин созмон дар назар доранд барои тавсеаи ин кишвар ҳудуди 370 миллион ихтисос диҳанд.

Image Caption