Март 07, 2023 17:02 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти тоҷику қазоқ ; ҳамкориҳои кишоварзӣ-меҳвари гуфтугу

Дар дидори мақомоти Тоҷикистону Қазоқистон дар шаҳри Душанбе тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар заминаи кишоварзӣ баррасӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Нигина Анварӣ-муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Армон Шоколиов-муовини аввали вазири тиҷорату ҳамгаройии Қазоқистон дидору гуфтугу кард .
Дар ин дидор ду тараф вазъияти феълӣ ва чашмандози тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар заминаи кишоварзиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Анварӣ тарафи муқобилро бо шароити кишоварзӣ дар Тоҷикистон ошно ва ба зарфияти содиротии ин кишвар ишора кард.
Ду тарафи алоқамандии худро барои инъиқоди як тавофуқномаи мутақобил дар мавриди арзаи орди Қазоқистон ба Тоҷикистон ва сабзиҷоти зудрас ба вижаи пиёз аз Тоҷикистон ба Қазоқистон иброз карданд.
 

 

Барчасп