Март 10, 2023 20:07 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҳинд” дар мавзуи Афғонистон
    Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҳинд” дар мавзуи Афғонистон

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти якуми коргурӯҳи муштарак дар умури Афғонистон, дар чорчӯби гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҳинд” ширкат кард.

Дар таърихи 7 март, аввалин нишасти коргурӯҳи муштарак дар умури Афғонистон дар чорчӯби гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҳинд” дар Деҳлии Нав бо ҳузури руасои воҳидҳои сохтории зирабт, намояндагони вижаи вазоратҳои умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он ҳузур доштанд, баргузор шуд.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор тарафайн дар мавриди абъоди сиёсӣ, амниятиву инсонии вазъияти кунунии Афғонистон, хатароту таҳдидоти модерн аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз хоки ин кишвар ва ҳамчунин роҳу усулҳои муқобила бо чолишҳои минтақаӣ табодули назар карданд.

Ҳамчунин намояндагони Барномаи ҷаҳонии ғизо ва Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милал дар мавриди фаъолиятҳои худ дар Афғонистон дар ростои рафъи паёмадҳои буҳрони инсонӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир иттилоъ доданд. Дар поёни ин нишаст баёнияи муштарак ба тасвиб расид.

 

Барчасп