Март 11, 2023 19:51 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши байналмилалии “Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ

Ҳамоиши байналмилалии «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» дар Душанбе баргузор шуд.

Ба ибтикори Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон конфронси байналмилалии «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» дар Душанбе баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш мудирон ва коршиносони марокизи таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони расонаҳои гурӯҳии дохилӣ ва хориҷӣ ҳузур доштанд.

Дар ҳамоиш нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақаӣ ва байналмилалӣ, ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон ва соири кишварҳои минтақа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки ки 14-15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.

 

Барчасп