Ҷобаҷои ҳудуди 8 миллион тонна бор, январи имсол дар Тоҷикистон
Дар аввалин моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 8 миллиону 100 ҳазор тонна маҳмула дар Тоҷикистон ҷобаҷо шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 6.6 дарсад афзоиш дошта аст.
Бар асоси иттилоъоти идораи омори Тоҷикисон ҳамчунин дар январи соли ҷорӣ ҳудуди 7 миллиону 600 ҳазор тонна бор аз тариқи ҳамлунақл ҷобаҷо шуда аст.
Афзоиши ҳаҷми ҳамлунақли бор бо василаи нақлияи ҳам нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 5.3 дарсад афозиш дошта аст.
Аз тариқи роҳи оҳан низ дар маҷмуъ 549 заҳору 100 тонна бор ҷобаҷо шуд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 28.1 дарсад афзоиш дошта аст.
Бар асоси додаҳои созмони омор саҳми ҳамлунақли худравӣ 93.3 дарсад аз ҳаҷми кулли колоҳои ҷобаҷо шуда тавассути анвоҳи ҳамлунақл буд.