Тақдими устуворномаи сафирони ҷадиди 10 кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон
Сафирони ҷадиди 10 кишвари мухталиф устуворномаҳои худро ба раисиҷуҳӯри Тоҷикистон тақдим карданд.
Сафирони ҷадиди кишварҳои Амрико, Туркия, Қатар, Малдавия, Ирландия, Партугалия, Кубрус, Миле, Уганда ва Нев Зеаланд дар маросиме, ки дар Кохи Миллати шаҳри Душанбе баргузор шуд устуворномаҳои худро ба раисиҷумҳӯри Тоҷикистон тақдим карданд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим, ки дар маҳали Кохи Миллати шаҳри Душанбе баргузор шуд, интисоби онҳо ба чунин мансаби пурмасъулиятро табрик ва ибрози итминон кард, ки фаъолияти муассир омили муассире дар рушд ва тақвияти равобити дӯстона ва ҳамкориҳои чандҷониба байни кишварҳо хоҳад шуд.
Вай дар бахше аз суханони худ бар омодагии Тоҷикистон баро ғаннисозии муҳтавои равот бо кишварҳои фавқ дар заминаҳои мухталифи мавриди алоқаи тарафҳо, ки зарфиятҳои истифода нашудаи зиёде дорад, таъкид кард.