Ҳимояти Тоҷикистон аз тавофуқи Эрону Арабистон
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон гуфт : Душанбе аз тавофуқи Ҷумҳурии исломии Эрон ва подшоҳии Арабистони саъудӣ ва беҳбудии равобити дипломатӣ ҳимоят мекунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шоҳини Самадӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш аз тасмими Ҷумҳурии исломии Эрону подшоҳии Арабистони саъудӣ барои азсаргирии равобити дипломатӣ ҳимоят мекунад .
Ин мақоми тоҷик, ки дар робита ба ин рӯйдод бо хабарнигори Форс суҳбат мекард, изҳор дошт : Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон аз тавофуқи миёни Эрону Арабистони саъудӣ ҷиҳати барқарории муносиботи дипломатӣ истиқбол карда ва ин иқдомро қадами муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи Ховари Миёна арзёбӣ мекунад.
Шоёни зикр аст, ки тавофуқи Эрону Арабистони саъӯдӣ барои барқарории равобити дуҷониба, ки бо миёнҷигарии Чин анҷом шуд, истиқболи бисёре аз мақомоти расмӣ ва шахсиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамроҳ дошт .
Бештари онҳо иброз умедворӣ карданд, ки ин тавофуқ тағироти қобили таваҷҷуҳеро дар муъодилоти минтақаӣ эҷод хоҳад кард ва мунҷар ба коҳиши сатҳи танишҳо дар ҳавзаи халиҷи Форс хоҳад шуд .