Баргузории ҳамоиши раисони донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон
(last modified Wed, 15 Mar 2023 08:09:57 GMT )
Март 15, 2023 13:09 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши раисони донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон

Ҳамоиши раисони донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд.

Ҳамоиши раисони донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон бо унвони “равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистону Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши олӣ, илму навоварӣ ба унвони поя ва асос барои тавсеаи иқтисоди миллӣ” дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин ҳамоиш бо пахши дастовардҳои илмӣ, омӯзишӣ ва навоваронаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Ҳамоиш дар ду бахши “равобити дуҷониба дар ҳавзаи омӯзиши олӣ, авлавият ва масири тавсеа” ва “ ҳамкориҳои илмӣ - навоварона ба унвони мабнои тавсеаи иқтисоди ҷадид” баргузор шуд.