Март 15, 2023 22:03 Asia/Dushanbe
  • Либосҳои миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Олмон
    Либосҳои миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Олмон

Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Олмон, намунаи либосҳои дӯхташуда ба сабки миллӣ аз маҷмуаи Нафиса Имронова, тарроҳи тоҷик дар намоишгоҳи мӯди Магдебург “Fashionshow Ottostadt macht Mode” ба намоиш гузошта шуд.

Ба гузориши “Ховар”, дар таърихи 11 март, дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Олмон, намунаи либосҳои дӯхташуда ба сабки миллии тоҷикӣ аз маҷмуаи Нафиса Имронова ба намоиш гузошта шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба ҳозирин аз таърихчаи атлас ва адрасу чакани Тоҷикистон хабар дод ва хотирнишон кард, ҳунари гулдӯзии Тоҷикистон, аз ҷумла “чакан” ба феҳристи мероси фарҳангии номалмуси башарияти Созмони Милали Муттаҳид дар умури илм, омӯзиш ва фарҳанг дар соли 2018 гунҷонда шудааст.

 

Барчасп