Коҳиши назарраси кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон
Ирсоли кумакҳои башардустона ба Тоҷикистон дар ду моҳи соли ҷорӣ 6 баробар коҳиш ёфта аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс имсол кумакҳои башардустона аз 23 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон ирсол шуд.
Дар муқоиса ба моҳҳои январ то феврали соли 2022 кумакҳои башардустонаи кишварҳои кумак кунанда ба Тоҷикистон дар ду моҳи соли ҷорӣ 6.4 баробар коҳиш ёфта аст.
Тоҷикистон дар 2 моҳи соли ҷорӣ 6.7 миллион доллар кумак дарёфт карда аст.
Ин шохис дар муддати мушобеҳи соли гузашта тақрибан 43 миллион доллар буда аст.
Чин 42.1, Туркия 12.3 ва Амрико 12.2 аз ҷумла се кишвари кумаккунандаи асли ба Тоҷикистон ҳастанд.
Тоҷикистон дар соли 2022 ҳаҷми азими аз кумакҳои башардустона дарёфт кард, ки маҷмуъи он ҳудуди 141 миллион доллар буд.