Коҳиши андаки маҳдудияти масрафи барқ дар Тоҷикистон
Маҳдудияти масрафи барқ дар Тоҷикистон то ҳади коҳиш ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маҳдудияти истифодаи аз барқ ё худмаҳдудияти, ки ба таври расми аз 1 феврал дар Тоҷикистон эълом шуд дар бархе ноҳияҳо то ҳади кам шуда аст.
Он тавре, ки Раҷабали Буёков муҳандиси аршади шабкаи бахши барқ эълом кард дар ҳоли ҳозир барқ бедуни маҳдудият ба дасти масрафкунандагон мерасад.
Вай масъулияти хадамотрасони ба 13 шаҳр ва минтақаи Хатлонро бар уҳда дорад. Масъулони шабакаҳои пахши барқи Хуҷанд низ аз барқарории 24 соатаи интиқоли барқ дар ин шаҳру ноҳия хабар доданд.
Сокинони Истаравшан ва минтақаҳои атрофи он дар шимоли Тоҷикистон низ аз лағви маҳдудияти масрафи барқ хабар медиҳанд.
Ширкати Барқи Тоҷик пештар эълом карда буд, ки бекор кардани маҳдулияти интиқол ва масрафи барқ ба шароити ҷави ва мизони манобеъи оби вобаста аст.