Март 23, 2023 15:45 Asia/Dushanbe
  • Заминларза дар Тоҷикистон
    Заминларза дар Тоҷикистон

Заминларзае бо қудрати беш аз шаш риштарӣ бомдоди имрӯз (панҷшанбе) саросари Тоҷикистонро ларзонд.

Ба гузориши Садои Хуросон, пажуҳишгоҳи ларзанигории Академия миллии улуми Тоҷикистон эълом кард, марказӣ ин зилзила дар 132 киламетрии шимол-шарқӣ шаҳри Душанбе, 50 киламиетрии шимол-ғарбӣ минтақаи Рашт ва 30 киламетрии шимол-ғарбӣ маркази маъмури  минтақаи Масчоҳи Кӯҳи ва 7-6 киламетрии шимоли рустои  Палдораки чамоъати Лангари ноҳияи Масчоҳи Кӯҳии устони Суғди Тоҷикистон будааст.

Қудрати ларзиши замин дар марказӣ он 5/6 риштарӣ, дар шаҳри Душанбе (пойтахти Тоҷикистон) 3/4 риштарнӣ, минтақаи Масчоҳ 4/5 риштарӣ, дар минтақаи Рашт 4/5 ва дар маҳдудаи устони Мухтори Куҳистони Бадахшон 3/2 риштарӣ будааст.

Ба гузориши Кумитаи шароити изтирорӣ ва дифоъи маддании Тоҷикистон, то кунун талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар шаҳри Душанбе ва навоҳии ин кишвар бар асари зилзила сабт нашудааст.

Шиддати заминларза ба ҳадде будааст, ки дар Қирғизистон ва Узбекистон ҳам эҳсос шудааст.