Июл 27, 2020 14:14 Asia/Dushanbe
  • Оё ҷорӯби барқӣ коронаро мунташир мекунад?

Истифода аз ҷорӯби барқӣ дар манзили фарди бемор мумкин аст боиси интишори гардуғубори олуда ба вируси корона дар ҳаво шавад. Ҳамонтавр, ки медонем мондагории вируси корона рӯи сатҳҳои мухталиф мумкин аст аз чанд соат то чанд рӯз бошад. Бино барин тамиз кардани сатҳҳои олуда ва ба думболи он дзинфексия кардан беҳтарин иқдом барои пешгирӣ аз ибтило ба ин вирус аст.

Ба гузориши Беҳдошт-Ниюз бо таваҷҷуҳ ба ин ки қолин, палас, мебел ё кафи манзил мумкин аст аз сатҳҳое бошанд, ки олуда шуда бошанд, савол ин аст, ки оё эҳтимоли олуда шудани ҷорӯби барқии манзил ҳангоми тамиз кардани ин сатҳҳо вуҷуд дорад? Шавоҳид нишон медиҳад вақте фарди олуда ба вируси корона дар манзил сурфа ё атса мекунад ё бо шиддат нафас мекашад ё бо садои баланд сӯҳбат мекунад, зарраҳои олуда ба вирус ба сатҳҳои фарш ва мебелҳои манзил бархурд мекунанд ва мумкин аст барои муддате рӯи гардучанги онҳо боқӣ бимонанд.

Дар ҳангоми истифода аз ҷорӯби барқӣ, ин гардучангҳои олуда ба вирус мумкин аст дар ҳаво мунташир шаванд ва ҷорӯби барқӣ низ олуда шавад, аммо боқии вируси корона дар муҳитҳои мухталиф аз ҷумла гардучанги манзил дақиқан мушаххас нест.

чунон чи аз ҷорӯби барқӣ барои гардгирӣ ва тамиз кардани сатҳҳои олуда дар манзил истифода мешавад, эҳтимоли олуда шудани он ба вируси корона вуҷуд дорад. Бино барин то ҷои мумкин набояд бо ҷорӯби барқӣ, ки дар манзили як фарди мубтало ба вируси корона истифода шудааст, манзилҳои дигарро гардгирӣ ва тамиз кард. Ҳамчунин ҳангоми истифода аз ҷорӯби барқӣ ва тахлияи филтери он нуктаҳои беҳдоштии лозим аз ҷумла истифода аз ниқоб ва дасткашро бояд комил риоят кард.

 

Барчасп