Хӯрокие, ки масрафи ҳамзамони он бо бодиринг хатарнок аст
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки бодиринг дар тобистон бештар истеъмол карда шавад, аммо ҳеҷ гоҳ онро ҳамзамон бо бодоми заминӣ ё арахис масраф нашавад.
Мутахассисон тавсия мекунанд дар тобистони бештар аз гузашта бодиринг бихӯред, аммо ҳаргиз онро ҳамроҳ бо бодоми заминӣ масраф накунед.
Ба гузориши Спутник, як мутахассиси тағзия мӯътақид аст; бодирингро бояд дар тобистон ба бисёре аз хӯрокиҳо изофа кард, аммо ҳаргиз набояд онро бо бодоми заминӣ таркиб кард.
Бодиринг дорои бисёр моддаҳои муфидест, ки дар фаъолияти мағзи сар ва системаи асаб самаранок буда, таъсири пасткунандаи табро доранд ва заҳрҳоро аз организм хориҷ мекунанд. Инчунин, ин гиёҳ дар мубориза бо доғҳои синнусолӣ (барои сафед кардани онҳо кӯмак мекунад) ва вазни зиёдатӣ муассир аст. Нахи бодиринг кори рӯдаҳоро беҳтар мекунад.
Бодоми заминӣ низ дорои хосиятҳои муфиди бисёре аст. Бодоми заминӣ ҳовии асидҳои чарби ишбоънашуда,фибри ғизоӣ ва фоқиди халестрин аст. Илова бар ин, дорои асароти зиди перӣ ва энержибахшест.
Бо вуҷуди ин, хӯрдани бодоми заминӣ бо бодиринг метавонад боиси шикамравӣ ва исҳол гардад. Дар робита ба ин, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои хӯрдани ин маҳсулот пушти сари ҳам ҳадди аққал як соат фосила дошта бошед.
Маълумоти бештари илмиро дар инҷо хонед: