Март 06, 2022 12:07 Asia/Dushanbe
  •  Қисми 1-уми дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

Дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

1. Ҳангоми роҳ рафтан бо оромиш ва виқор роҳ мерафт.

2.Дар роҳ рафтан қадамҳоро бар замин намекашид.

3.Нигоҳаш пайваста ба зер уфтода ва ба зер духта буд.

4.Ҳар киро медид аввал салом мекард ва касе дар салом бар ӯ сибқат нагирифт.

5.Вақте бо касе даст медод дасти худро зудтар аз дасти ӯ берун намекашид.

6.Бо мардум чунон муъошират мекард,ки ҳар кас гумон мекард азизтарин фард назди он ҳазрат аст.

7.Ҳаргоҳ ба касе менигарист ба равиши арбоби давлат бо гушаи чашм нигоҳ намекард.

8.Ҳаргиз ба сурати мардум чашм намедухт ва хира нигоҳ намекард.

9.Чун ишора мекард,бо даст ишора мекард на бо чашм ва абрӯ.

10. Сукути тулони дошт ва то ниёз намешуд лаб ба сӯхан намекушод.

Image Caption

 

Барчасп