Қисми 2-уми дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)
Март 07, 2022 13:24 Asia/Dushanbe
Дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)
1-Ҳар гоҳ бо шахсе ҳам суҳбат мешуданд ба суханони ӯ гӯш медоданд.
2-Чун бо шахсе сӯхан мегуфтанд комилан бар мегаштанд ва рӯ ба ӯ менишастанд.
3-Бо ҳарки менишаст то ӯ иродаи бархостан намекард барнамехостанд.
4-Дар ҷаласае наменишаст ва бар намехост магар бо ёди Худо.
5-Ҳангоми ворид шудан ба маҷлис дар охар ва наздикба дар менишастанд на дар садри он.
6-Дар маҷлис макони хосеро барои худ ихтисос намедоданд ва аз он наҳи мекарданд.
7-Ҳаргиз дар назди мардум такия намекарданд.
8-Аксари вақт рӯ ба қибла менишастанд.
9-Агар дар маҳзари ӯ чизе рӯх медод,ки нописанди вай буд ,нодида мегирфтанд.
10-Агар аз касе иштибоҳе сар мезад онро нақл намекарданд.