Март 09, 2022 12:22 Asia/Dushanbe
  • Қисми 3-уми дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

Дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

1-Касеро бар лағзиш ва хатто дар сухан сарзаниш намекард.

2-Ҳаргиз бо касе баҳс ва мунозира намекард.

3-Ҳаргиз сухани касеро қатъ намекард магар инки ҳарфи нописанд ва ботил бигуяд.

4-Чун сухани нодурӯст аз касе мешунид, намефармуд" чаро фалони чунин гуфт" балки мефармуд "баъзе мардумро чӣ мешавад, ки чунин мегӯянд?"

5-Бо фуқаро зиёд нишаст ва бархост мекард ва бо онон ҳам ғазо мешуд.

6-Даъвати бандагон ва ғуломонро мепазируфт.

7-Ҳадияро қабул мекард агар чӣ  ба андози як  қурт  буд.

8-Беш аз ҳама силаи раҳм ба ҷо меовард.

9-Ба хешовандони худ эҳсон мекард бидуни онки ононро аз дигарон бартар бидонад.

10-  Посух ба саволро чанд мартаба такрор мекард ,то ҷавобаш барои шунаванда номаълум набошад.

Image Caption

 

  

Барчасп