Март 13, 2022 13:43 Asia/Dushanbe
  •  Қисми 5-уми дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

Дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

1- Аз беморон аёдат мекард агар чӣ дардурафтодатарин нуқтаи Мадина буд.

2-  Суроғи асҳоби худро мегирфт ва ҳамвора ҷуёйи ҳоли онҳо мешуд.

3-  Асҳобро ба беҳтарин номҳояшон садо мекард.

4-  Бо асҳобаш дар корҳо бисёр машварат мекард ва бар онҳо таъкид мефармуд.

5-  Дар ҷамъи ёронаш доиравор менишаст ва агар ғарибае бар онон ворид мешуд наметавонис ташхис диҳад, ки Паёмбар (с) кадом яке аз ишон аст.

6-  Миёни ёронаш унс ва улфат барқарор мекард.

7-  Вафодортарини мардум ба аҳд ва паймон буд.

8-  Ҳаргоҳ чизе ба фақир мебахшид ба дасти худаш медод ва ба касе ҳавола намекард.

9-  Агар дар ҳоли намоз буд ва касе пеши ӯ меомад намозашро кӯтоҳ мекард.

10-  Агар дар ҳоли намоз буд ва кӯдаке гиря мекард намозашро кӯтоҳ мекард.

Image Caption

 

Барчасп