Март 19, 2022 09:45 Asia/Dushanbe
  •  Қисми 6-уми дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам(с)

Дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

1- Азизтарин афрод назди ӯ касе буд, ки хайраш бештар ба дигарон мерасид.

2- Аҳаде аз маҳзари ӯ ноумед набуд ва мефармуд " Бирасонед ба ман ҳоҷати касеро, ки наметавонад  ҳоҷаташро ба ман бирасонад.

3- Ҳаргоҳ касе аз ӯ ҳоҷати мехост агар мақдур буд раво мефармуд вагарна  бо сухани хуш ва бо некуӣ ӯро розӣ мекард.

4- Ҳаргиз ҷавоби рад ба дархости касе надод магар барои маъсият бошад.

5- Пиронро бисёр икром мекард ва бо кӯдакон бисёр меҳрабон буд.

6- Ғарибонро бештар муроъот мекард.

7- Бо неки ба шарурон, дили ононро ба даст меовард ва маҷзуби худ мекад.

8- Ҳамвора  дар ҳоли табасум кардан буданд ва дар айни ҳол хавфи зиёде аз Худо бар дил дошт.

9- Чун шод мешуд чашмҳоро бар ҳам мегузошт ва зиёд изҳори фараҳ намекард.

10- Аксари хандидани он ҳазрат табасум буд ва садояш ба ханда буланд намешуд.

Image Caption

 

 

Барчасп