Қисми 6-уми дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам(с)
Дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)
1- Азизтарин афрод назди ӯ касе буд, ки хайраш бештар ба дигарон мерасид.
2- Аҳаде аз маҳзари ӯ ноумед набуд ва мефармуд " Бирасонед ба ман ҳоҷати касеро, ки наметавонад ҳоҷаташро ба ман бирасонад.
3- Ҳаргоҳ касе аз ӯ ҳоҷати мехост агар мақдур буд раво мефармуд вагарна бо сухани хуш ва бо некуӣ ӯро розӣ мекард.
4- Ҳаргиз ҷавоби рад ба дархости касе надод магар барои маъсият бошад.
5- Пиронро бисёр икром мекард ва бо кӯдакон бисёр меҳрабон буд.
6- Ғарибонро бештар муроъот мекард.
7- Бо неки ба шарурон, дили ононро ба даст меовард ва маҷзуби худ мекад.
8- Ҳамвора дар ҳоли табасум кардан буданд ва дар айни ҳол хавфи зиёде аз Худо бар дил дошт.
9- Чун шод мешуд чашмҳоро бар ҳам мегузошт ва зиёд изҳори фараҳ намекард.
10- Аксари хандидани он ҳазрат табасум буд ва садояш ба ханда буланд намешуд.