Март 26, 2022 12:13 Asia/Dushanbe
  • Қисми 7-уми  дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

Дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

1- Шӯхӣ мекард, аммо ба баҳонаи шӯхӣ ва хандондан, ҳарфи ноҷо ва ботил намезад.

2- Номи бадро тағир медод ва ба ҷои он номи  нек мегузошт.

3- Бурдбориаш ҳамеша ба хашми ӯ сибқат мегирифт.

4- Аз барои фавти дунё нороҳат намешуд ва ё ба хашм намеомад.

5- Аз барои Худо он чунон ба хашм меомад. ки дигар касе ӯро намешинохт.

6- Ҳаргиз барои худаш интиқом нагирифт  магар он,ки ҳарими ҳаққ шикаста шавад.

7- Ҳеҷ хислатне назди он ҳазрат манфуртар аз дурӯғгӯи набуд.

8- Дар ҳоли хушнудӣ ё нохушнудӣ ҷуз ёди Ҳақ бар забон надошт.

9- Ҳаргиз дирҳам ва диноре назди худ пасандоз накард.

10- Дар хӯрок ва пӯшок чизе зиёдтар аз хидматкоронаш надошт.

Image Caption

 

Барчасп