Қисми 7-уми дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)
Март 26, 2022 12:13 Asia/Dushanbe
Дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)
1- Шӯхӣ мекард, аммо ба баҳонаи шӯхӣ ва хандондан, ҳарфи ноҷо ва ботил намезад.
2- Номи бадро тағир медод ва ба ҷои он номи нек мегузошт.
3- Бурдбориаш ҳамеша ба хашми ӯ сибқат мегирифт.
4- Аз барои фавти дунё нороҳат намешуд ва ё ба хашм намеомад.
5- Аз барои Худо он чунон ба хашм меомад. ки дигар касе ӯро намешинохт.
6- Ҳаргиз барои худаш интиқом нагирифт магар он,ки ҳарими ҳаққ шикаста шавад.
7- Ҳеҷ хислатне назди он ҳазрат манфуртар аз дурӯғгӯи набуд.
8- Дар ҳоли хушнудӣ ё нохушнудӣ ҷуз ёди Ҳақ бар забон надошт.
9- Ҳаргиз дирҳам ва диноре назди худ пасандоз накард.
10- Дар хӯрок ва пӯшок чизе зиёдтар аз хидматкоронаш надошт.