Апрел 05, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
  • Қисми 10-уми дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

Дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)

1- Бар сари хӯрок аз ҳама зудтар ҳозир мешуд ва аз ҳама дертар даст мекашид.

2- То гурусна намешуд хӯрок майл намекард ва қабл аз сер шудан мунсариф мешуд.

3- Меъдааш ҳеҷгоҳ ду хӯрокро  дар худ ҷамъ накард.

4- Дар сари хӯрок  ҳаргиз оруқ назад.

5- То онҷое, ки имкон дошт танҳо хӯрок намехурд.

6-  Баъд аз хӯрок дастро мешуст ва бар рӯйи худ мекашид.

7- Вақти ошомидан се ҷуръа об менушид, аввали онҳо Бисмиллоҳ ва охари онҳо Алҳамдуллилоҳ.

8- Аз душизагонӣ парданишин бо ҳаётар буд.

9- Чун мехост ба манзил ворид шавад себор иҷоза мехост.

10- Увқоти дохили манзилро ба се бахш тақсим мекард: Бахше барои Худо, бахше барои хонавода ва бахше барои худаш буд ва вақти худашро низ бо мардум қисмат мекард.

Image Caption

 

Барчасп