Қисми 10-уми дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)
Апрел 05, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
Дарсҳое аз равиши зиндагии Паёмбари акрам (с)
1- Бар сари хӯрок аз ҳама зудтар ҳозир мешуд ва аз ҳама дертар даст мекашид.
2- То гурусна намешуд хӯрок майл намекард ва қабл аз сер шудан мунсариф мешуд.
3- Меъдааш ҳеҷгоҳ ду хӯрокро дар худ ҷамъ накард.
4- Дар сари хӯрок ҳаргиз оруқ назад.
5- То онҷое, ки имкон дошт танҳо хӯрок намехурд.
6- Баъд аз хӯрок дастро мешуст ва бар рӯйи худ мекашид.
7- Вақти ошомидан се ҷуръа об менушид, аввали онҳо Бисмиллоҳ ва охари онҳо Алҳамдуллилоҳ.
8- Аз душизагонӣ парданишин бо ҳаётар буд.
9- Чун мехост ба манзил ворид шавад себор иҷоза мехост.
10- Увқоти дохили манзилро ба се бахш тақсим мекард: Бахше барои Худо, бахше барои хонавода ва бахше барои худаш буд ва вақти худашро низ бо мардум қисмат мекард.