Боздошти беш аз 2000 фаластинӣ аз ибтидои соли 2023
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i100582-Боздошти_беш_аз_2000_фаластинӣ_аз_ибтидои_соли_2023
Як Созмони ғайри давлатии фаластинӣ аз боздошти беш аз 2000 фалатинӣ дар соли ҷории мелодӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 06, 2023 11:19 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз 2000 фаластинӣ аз ибтидои соли 2023
    Боздошти беш аз 2000 фаластинӣ аз ибтидои соли 2023

Як Созмони ғайри давлатии фаластинӣ аз боздошти беш аз 2000 фалатинӣ дар соли ҷории мелодӣ хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Анҷумани асирони фаластинӣ дар баёнияе эълом кард, низомиёни режими саҳюнистӣ аз ибтидои соли ҷории мелодӣ то кунун ҳудуди 2200 фаластиниро боздошт карданд, ки ниме аз ин боздошт шудагон дар шарқи Қудси ишғолӣ ба асорати саҳюнистҳо даромаданд.

Бар асоси ин гузориш, таниш дар саросари Каронаи Бохтарии ишғолӣ, аз ҷумла шарқи Қудс дар моҳҳои ахир дар ҳамалоти мукаррари режими Исроил ба шаҳрҳои фаластинӣ боло будааст.

Бар асоси омор, аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун беш аз 90 фаластинӣ бар асари тирандозии низомиёни саҳюнистӣ шаҳид шудаанд.