Апрел 12, 2023 20:17 Asia/Dushanbe
  • Натанёҳу: Шаҳракнишинон ҳаққи вуруд ба Масҷидулақсоро надоранд
    Натанёҳу: Шаҳракнишинон ҳаққи вуруд ба Масҷидулақсоро надоранд

Нахуствазири режими саҳюнистӣ эълом кард, ба тавсияи масъулони амниятии исроилӣ, яҳудиён то поёни моҳи Рамазон набояд ба Масҷидулақсо бираванд.

Фаластиниён бо таҳти фишор қарор додани режими саҳюнистӣ пас аз ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба намозгузорон дар Масҷидулақсо, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири ин режимро маҷбур карданд, ки аз тасмими худ дар бораи Масҷидулақсо ақибнишинӣ ва аз вуруди яҳудиён ба ин масҷиди муқаддас то поёни моҳи мубораки Рамазон ҷилавгирӣ кунад.

Бар асоси ин гузориш, Натанёҳу ба неруҳои полис дастур дод аз рӯзи чаҳоршанбе то поёни моҳи Рамазон шаҳракнишинон ҳаққи вуруд ба Масҷидулақсоро надоранд.

Ин дар ҳолест, ки қабл аз ин эълом шуда буд, шаҳракнишинони яҳудӣ дар 10 рӯзи поёнии моҳи мубораки Рамазон муҷоз ба таарруз ба Масҷидулақсо ҳастанд.

 

 

Барчасп