Апрел 14, 2023 19:59 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар ҷануби Лубнон

Маросими бузургдошти рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ҳузури намояндагони гуруҳҳои фаластинӣ, аҳзоби Лубнон, шахсиятҳои сиёсӣ, динӣ ва ҷамъе аз уламо дар Лубнон баргузор шуд .

Ба гузориши шабакаи хабарии Алаҳд, ин маросим бо қароъати Қуръон,қарор додани тоҷи гул бар бинои ёдбӯди шуҳадои Фаластин, сар додани сурӯди миллии Фаластин, сурӯди миллии Лубнон ва сурӯди Ҳизбуллоҳ оғоз шуд .
Ҳусайн Ал-ҳоҷ Ҳасан-узви порлумони Лубнон дар ин маросим таъкид кард : Фаластин на ба саҳюнистҳо, балки ба миллати Фаластин таъаллуқ дорад ва Қудс аз они ишғолгарони саҳюнист, золимон, қотилон ва ситамгарон нахоҳад буд .
Вай унвон кард меҳвари муқовимат муваффақ ба эҷоди ваҳдату якпорчагии бесобиқаи байни ташаккулҳои худу ҷумбишҳои муқовимат шудааст.
 

 

Барчасп