Баргузории маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар ҷануби Лубнон
Апрел 14, 2023 19:59 Asia/Dushanbe
Маросими бузургдошти рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ҳузури намояндагони гуруҳҳои фаластинӣ, аҳзоби Лубнон, шахсиятҳои сиёсӣ, динӣ ва ҷамъе аз уламо дар Лубнон баргузор шуд .
Ба гузориши шабакаи хабарии Алаҳд, ин маросим бо қароъати Қуръон,қарор додани тоҷи гул бар бинои ёдбӯди шуҳадои Фаластин, сар додани сурӯди миллии Фаластин, сурӯди миллии Лубнон ва сурӯди Ҳизбуллоҳ оғоз шуд .
Ҳусайн Ал-ҳоҷ Ҳасан-узви порлумони Лубнон дар ин маросим таъкид кард : Фаластин на ба саҳюнистҳо, балки ба миллати Фаластин таъаллуқ дорад ва Қудс аз они ишғолгарони саҳюнист, золимон, қотилон ва ситамгарон нахоҳад буд .
Вай унвон кард меҳвари муқовимат муваффақ ба эҷоди ваҳдату якпорчагии бесобиқаи байни ташаккулҳои худу ҷумбишҳои муқовимат шудааст.