Кашфи ҷасадҳои беш аз 200 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар обҳои Тунис
(last modified Sat, 29 Apr 2023 12:07:50 GMT )
Апрел 29, 2023 17:07 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ҷасадҳои беш аз 200 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар обҳои Тунис

Мақомоти Тунис аз кашфи аҷсоди беш аз 200 муҳоҷири ғайриқонӯнӣ дар обҳои ин кишвар тайи 10 рӯз хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, мақомоти Тунис дирӯз (ҷумъа) эълом карданд, ягонҳои дарёии ин кишвар байни рӯзҳои 18 то 27 апрел, 210 ҷасади мутааллиқ ба муҳоҷирони ғайриқонӯнии аҳли кишварҳои ҷануби саҳрои Африқо ё Африқои Сиёҳро аз обҳои Тунис берун кашиданд.

Бовуҷуди талошҳои мақомоти Тунис барои муқобила бо падидаи муҳоҷирати ғайриқонӯнӣ, ба тозагӣ шумори аҷсоди муҳоҷирони ғайриқонӯнии тунисӣ ва хориҷии кашф шуда дар савоҳили шарқи ин кишвар ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.