Ҳамос: Ба дифо аз миллати Фаластин бо вуҷӯди ҷинояти саҳюнистҳо идома медиҳем
(last modified 2023-05-03T04:39:23+00:00 )
Май 03, 2023 09:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Ба дифо аз миллати Фаластин бо вуҷӯди ҷинояти саҳюнистҳо идома медиҳем

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) таъкид кард, ба дифо аз миллати Фаластин бо вуҷӯди ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнистӣ идома хоҳем дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) дар баёнияе эълом кард, ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба аҳдофи худ нахоҳад расид.

Ҳамос дар ин баёния тасреҳ кард: «таҳоҷуми саҳюнистҳо алайҳи навори Ғазза дар таҳаққуқи аҳдофи худ дар мамониат аз мо дар анҷоми дифои аз Фаластин ва намодҳои он шикаст хоҳад хӯрд ва мо бо вуҷӯди ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнистӣ ба дифо аз миллати идома хоҳем дод».

 

Барчасп