Май 10, 2023 10:27 Asia/Dushanbe
  • Даргирии шадиди низомиёни саҳюнист бо фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ

Манбаи хабарӣ аз даргириҳои шадид миёни низомиёни саҳюнисту фаластиниён дар нуқоти мухталифи Каронаи бохтарии руди Урдун хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, низомиёни саҳюнист ба шаҳраки Қаботия воқеъ дар ҷануби шаҳри Ҷанин юриш бурданд.

Барасоси ин гузориш, низомиёни саҳюнист қасди ҳамла ба манзили чанд фаластиниро доштанд, ки ҳадафи бастаҳои инфиҷорӣ ва тирандозии нерӯҳои муқовимати Фаластин қарор гирифтанд.

Дар ин гузориш омадааст, низомиёни саҳюнист ҳамчунин ба рӯстое воқеъ дар ҷануби Наблус ва низ ба шаҳри Тубос юриш бурданд ва бо фаластиниён даргир шуданд.

Манобеи дармонии Фаластин низ гузориш доданд, дар пайи даргирии полиси режими саҳюнистӣ бо фаластиниён дар Қудси ишғолӣ, ҳафт фаластинӣ ба зарби гулӯлаи полис захмӣ ва 100 нафар низ бар асари истиншоқи гази ашковар масмӯм шуданд.

Гурдонҳои муҷоҳидини Фаластин низ эълом карданд, неруҳои муқовимати ин гуруҳ ба самти автобӯси ҳомили шаҳракнишинон дар масири Ал Халил тирандозӣ карданд.

 

Барчасп