Май 21, 2023 12:19 Asia/Dushanbe
  • Баҳрайн равобити дипломотик бо Лубнонро аз сар мегирад
    Баҳрайн равобити дипломотик бо Лубнонро аз сар мегирад

Вазорати хориҷаи Баҳрайн аз эҳёи равобити дипломатик бо Лубнон дар сатҳи сафирон пас аз бозгашти беш аз якуним сол қатъи равобити дуҷониба хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати хориҷаи Баҳрайн рузи сешанбе дар баёнияи эълом кард Баҳрайн тасмим гирифта аст намояндагии дипломотики худ дар сатҳи сафирон бо кишвари бародари Лубнонро дар ростои тақвияти равобити бародаронаи ду кишвар ва ду миллат ва бар асоси эҳтироми мутақобил аз сар бигирад.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Баҳрайн омада аст ин тасмим бар асоси усули маншури иттиҳодияи араб ва аҳкоми конвенсияи равобити дипломотики Вена соли 1961 иттихоз шуда аст.

Ин иқдоми Баҳрайн як руз пас аз интишори баёнияи иттиҳодияи араб дар Ҷадаи Арабистон сурат мегирад, ки аз ҷумла бандҳоион ҳамбастагии бо Лубнон ва дархост аз тамоми тарафҳои лубнонӣ барои гуфтугу ҷиҳати интихоби раиси ҷумҳури, ки мавриди ризояти лубнониҳо бошад ва низ иттихози ислоҳоти лозим барои берун омадани Лубнон аз буҳрони кунунии он сурат мегирад.

Барчасп