Даргирии фаластиниён бо низомиёни саҳюнист дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i102736-Даргирии_фаластиниён_бо_низомиёни_саҳюнист_дар_Каронаи_бохтарии_рӯди_Урдун
Низомиёни саҳюнист бори дигар ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳамла карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Май 26, 2023 16:40 Asia/Dushanbe
  • Юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи бохтарӣ
    Юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи бохтарӣ

Низомиёни саҳюнист бори дигар ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳамла карданд.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, ишғолгарони саҳюнист рӯзи ҷумъа бо юриш ба хонаҳои фаластинӣ дар Наблос, Ҷанин, Қудс ва Тулкарм, бо фаластиниёни сокини ин шаҳрҳо даргир шуданду вайронаҳои зиёдеро барҷой гузоштанд.

Нерӯҳои муқовимати Фаластин низ бо партоби ботриҳои оташзо ва бомбаҳои дастисоз ба муқобила бо низомиёни артиши режими ишғолгари Қудс бархестанд.

Дар ҷараёни ин даргириҳо шуморе аз фаластиниён захмӣ ва шумори дигар ҳам боздошт шуданд.