Июн 08, 2023 16:41 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 16 фаластинӣ дар Ромуллоҳ дар тирандозии ишғолгарони саҳюнист

16 фаластинӣ аз ҷумла чанд рӯзноманигор дар ҷараёни тирандозиҳои низомиёни режими саҳюнистӣ ба сӯи ғайринизомиён дар шаҳри Ромуллоҳ дар Каронаи бохтарии ишғолӣ захмӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар тирандозии низомиёни ишғолгари исроилӣ бо истифода аз гулӯлаҳои ҷангӣ ва фулузӣ ба садҳо нафар аз фаластиниён дар маркази шаҳри Ромуллоҳ, шонздаҳ  фаластинӣ аз ҷумла чанд рӯзноманигор захмӣ шуданд .
Дар ин ҳамалот даҳҳо фаластинӣ низ бар асари партоби норанҷакҳои дорои газ дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳр дучор хафагӣ шуданд .
Бар асоси ин гузориш низомиёни ишғолгар дар ин ҳамалоти манзили Ислом ал-Фаррух- асири фаластиниро ҳам дар бахши қадимии шаҳри Ромуллоҳ муҳосира ва сипас онро тахриб карданд.
 

 

Барчасп