Канъонӣ : Режими саҳюнистӣ бо тадовуми ҷинояту шарорат умри худро кӯтоҳтар мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i103946-Канъонӣ_Режими_саҳюнистӣ_бо_тадовуми_ҷинояту_шарорат_умри_худро_кӯтоҳтар_мекунад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ зидди миллати мазлӯми Фаластин гуфт : Режими саҳюнистӣ бо тадовуми ҷинояту шарорат умри худро кӯтоҳтар мекунад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 22, 2023 19:06 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ : Режими саҳюнистӣ бо тадовуми ҷинояту шарорат умри худро кӯтоҳтар мекунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ зидди миллати мазлӯми Фаластин гуфт : Режими саҳюнистӣ бо тадовуми ҷинояту шарорат умри худро кӯтоҳтар мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар тветте бо ишора ба муқовимати миллати мазлӯми Фаластин дар муқобили таҷовузгариҳову ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ тасреҳ кард: Касе ки бод мекорад, туфон дарав мекунад . Канъонӣ тасреҳ кард : Муқовимат посухи табиӣ ва машрӯъи миллати Фаластин дар баробари тероризм, ишғолгарӣ ва апартайд аст ва миллати мазлӯм, аммо муқовими Фаластин тероризми созмонёфта ва шарорати саҳюнистҳоро бепосух нахоҳанд гузошт . Режими саҳюнистӣ дар амалиёти муштараки артишу Шабак ( Созмони иттилооту амнияти дохилӣ ) бо истифода аз паҳподи Гирмес 450 иқдом ба террори се неруи муқовимати Фаластин дар як худрави саворӣ кард . Гурдони Ҷанин вобаста ба " Сароё алудс "-шохаи низомии Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар баёнияе эълом кард, ки 3 неруи ин гуруҳ дар амалиёти паҳподии режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд.