Дафъи ҳамлаи муздурони Арабистон ба шарқи пойтахти Яман
(last modified Sun, 25 Dec 2016 13:25:31 GMT )
Декабр 25, 2016 18:25 Asia/Dushanbe
  • Дафъи ҳамлаи муздурони Арабистон ба шарқи пойтахти Яман

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман хабари мунташиршуда дар бораи тасаллути муздурони Арабистони Саудӣ бар манотиқе дар шарқи вилояти Санъоро такзиб кард.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи радиои Садои Масҷидулақсо, ҷунбиши мардумии Ансоруллоҳи Яман бо беасос хондани сайтараи нерӯҳои вобаста ба Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман бар чанд минтақа дар шарқи вилояти Санъо эълом кард, пешравии ин нерӯҳои муздур мутаваққиф шудааст ва онон маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом кард, артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо вуҷуди пуштибонии сангини мутаҷовизони саудӣ аз нерӯҳои муздур ва вобаста ба Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, монеи он шуданд то ин нерӯҳо бар манотиқе дар шарқи Санъо, аз ҷумла Алмадфун мусаллат шаванд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи вобаста ба раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман муддаӣ шуда буд, ин нерӯҳо бо пуштибонии ҷангандаҳои Арабистон чанд минтақаро дар шаҳри нуҳум, дар шарқи вилояти Санъо ба контроли худ даровардаанд.