Декабр 25, 2016 21:00 Asia/Dushanbe
  • Зарурати иҷрои қатъномаи зидди исроилии Шӯрои амният

Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳодияи араб ва парлумони арабӣ дар баёнияҳои ҷудогонае бо ишора ба ғайриқонунӣ будани шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ аз Шӯрои амнияти Созмони милал хостанд, то қатъномаи зидди шаҳраксозиҳои Исроилро ба марҳалаи иҷро даровард.

Шӯрои амнияти Созмони милал ҷумъа шаб қатъномаеро дар маҳкумияти шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин бо 14 раъйи мусбат тасвиб кард ва фақат Амрико ба он раъйи мумтанеъ дод.

Тибқи ин қатънома, режими саҳюнистӣ мулзам мешавад, фавран ва батаври комил фаъолиятҳои шаҳраксозии худро дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аз ҷумла Қудси шарқӣ мутаваққиф кунад.

Юсуф Алъусаймин, дабири кулли созмони ҳамкории исломӣ шанбе шаб дар баёнияе қатъномаи Шӯрои амниятро тайиде бар ғайриқонунӣ будани шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ баршумурд ва эълом кард, ин қатънома торихӣ аст ва бояд иҷро шавад.

Аҳмад Абулғайт, дабири кулли Иттиҳодияи араб низ қатъномаи Шӯрои амният зидди шаҳраксозиҳои режими саҳюнистиро тайид ва ҳимояти ҷомеаи байналмилалиро аз муборизаи торихии мардуми Фаластин барои дастёбӣ ба ҳуқуқи машруи худ хостор шуд.  

Машъал Алсалмӣ, раиси парлумони арабӣ ҳам эълом кард, қатъномаи Шӯрои амният гоми муҳиме дар масири бозпасгирии ҳаққи миллати мазлуми Фаластин буда ва нишон медиҳад, муборизоти ин миллат ба самар нишастааст.

Дар ҳамин ҳол, тасвиби қатъномаи зидли исроилӣ дар Шӯрои амният ва мувофиқати ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваққуфи шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ хашми мақомоти ин режимро ба ҳамроҳ доштааст.

Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба қатъномаи Шӯрои амният зидди шаҳраксозиҳои Исроил дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин эълом кард, Исроил ба мафоди ин қатънома пойбанд нахоҳад буд.

Рӯзномаи исроилии Yedioth Ahronoth низ дар бораи паёмадҳои қатъномаи Шӯрои амният навишт, пайгарди масъулон ва афсарони артиши Исроил дар додгоҳҳои байналмилалӣ, иқдоми кишварҳо ва созмонҳои мухталифи ҷаҳон ба таҳрими шаҳракҳо, имкони ироаи гузоришҳои зидди исроилӣ ба маҷомеи ҷаҳонӣ ва таътилии шуаби бонкҳо ва муассисоти байналмилалӣ дар шаҳракҳо ва фишори дабири кулли Созмони милал бар Исроил бахше аз авоқиб ва паёмадҳои қатъномаи Шӯрои амният аст.

 

Барчасп