Арабистон беэҳтиромӣ ба муқаддасоти исломиро маҳкӯм кард
(last modified Sun, 23 Jul 2023 06:08:50 GMT )
Июл 23, 2023 11:08 Asia/Dushanbe
  • Арабистон беэҳтиромӣ ба муқаддасоти исломиро маҳкӯм кард

Вазорати хориҷаи Арабистони саъӯдӣ такрори беэҳтиромӣ(ҳатки ҳурмат)и муқаддасоти исломиро маҳкӯм ва хостори ҷилавгирӣ аз он шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Арабистони саъӯдӣ ( ВОС), Вазорати хориҷаи Арабистони саъӯдӣ шанбешаб дар баёнияе адами иттихози тадобир барои ҷилавгирӣ аз такрори ҳаводиси ҳатки ҳурмати муқаддасоти исломиро маҳкӯм кард, ки охирини он оташ задани нусхае аз Қуръони карим тавассути як гуруҳи ифротӣ дар Дания буд.
Вазорати хориҷаи Арабистон дар ин баёния нисбат ба такрори ин иқдомоти таҳрикомез алайҳи эҳсосоти миллионҳо мусулмон дар саросари ҷаҳон ҳушдор дод ва эълом кард ин иқдомот нақзи ошкори кулияи қавонин ва ҳанҷорҳои байнлмилалӣ аст.
Ҳатки ҳурмати Қуръони карим дар Шветсияву Дания дар моҳҳои ахир бо маҳкӯмияти густардаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шудаву тазоҳуроту иҷтимоъоти бисёре зидди он баргузор шудааст.