ҲАМОС хостори муқобила бо тавтеаҳои ишғолгарон шуд
Июл 24, 2023 10:07 Asia/Dushanbe
Сухангӯи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) дар Қудс, хостори дифоъ аз Масҷидулақсо ва муқобила бо тавтеаҳои ишғолгарон дар роҳпаймоии Парчам шуд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии ҷумбиши ҲАМОС, Муҳаммад Ҳамода дар суханоне гуфт, ишғолгарони саҳюнист талош мекунанд аз тариқи баргузории роҳпаймоии Парчам, бар Масҷидулақсо мусаллат шаванд ва ба баҳонаи баргузории маросими мавсум ба ёдбуди «вайрон шудани маъбад», ҳувияти исломии онро ҳадаф қарор диҳанд.
Ҳамода аз фаластиниҳо хост, дар поёни ҳафтаи ҷорӣ бо тавтеаҳои ишғолгарон барои беэҳтиромӣ ба Масҷидулақсо аз тариқи баргузории роҳпаймоии Парчам муқобила кунанд.
Барчасп