Низомиёни саҳюнист : Кабинаи Натанёҳу ҳеҷ машрӯъияте надорад
Дар иқдоми бесобиқа ҳазорон тан аз низомиёну куҳнасарбозони саҳюнистӣ Ҷоао Галлант-вазири ҷанг ва Бинёмин Натанёҳу- нахуствазири ин режимро ҳадафи тундтарин ҳамлаҳо қарор доданд ва кабинаи ӯро номашрӯъ(ғайриқонунӣ) хонданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар идомаи мухолифатҳо ба раванди тасвиби лоиҳаи тағироти қазоӣ шабакаи 13 режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки 1 ҳазору 300 тан аз ин низомиён хитоб ба Галлант ва Натанёҳу таъкид карданд : Ҳукумати шумо ҳеҷ машрӯъияте надорад, ки сарбозони моро ба сӯи марг бифиристад.
Пеш аз ин низ шабакаи саҳюнистии"Кан" дар ин бора гузориш дод, ки шумори хидматчиёни захираи муътариз ба ин тарҳ дар неруи ҳавоии Исроил ба 830 нафар афзоиш ёфта, ки 260 нафар аз онон халабон ҳастанд .
Аз сӯи дигар расонаҳои саҳюнистӣ душанбешаб гузориш доданд гуруҳи пизишконе, ки тарки сарзаминҳои ишғолиро ба иллати тасвиби эҳтимолии лоиҳаи тағироти қазоӣ, баррасӣ мекунанд, дар ҳоли афзоиш аст.
Бо фирори пизишкони саҳюнист ба хориҷ аз сарзаминҳои ишғолӣ коршиносон ҳушдор доданд, ки ин масаъла мӯҷиби фурӯпошии системаи беҳдоштии Исроил шуда ва камбуди зиёде дар теъдоди пизишк дар бахшҳои мухталифи бемористониро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Кабинаи ҳоким бар режими саҳюнистӣ ( 24 июл ) бо ҳимояти намояндагони худ дар Кнессет ( порлумон ) пешнависи қонуни " Лағви бурҳони маъқулият " дар чорчӯби лоиҳаи тағироти қазоиро тасвиб кард.
Ин қонун аеши роҳи Девони олии ин режим барои лағви тасмимот ё интисоботи кабинаро,ки онро « орӣ аз маъқулият » медонад, хоҳад гирифт.
Тасвиби ин лоиҳа аввалин гом дар масири коҳиши ихтиёроти дастгоҳи қазоии режими саҳюнистӣ аст.
Бештар бихонед :