Боздошти 16 фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ ба дасти низомиёни саҳюнист
(last modified Thu, 03 Aug 2023 14:42:49 GMT )
Август 03, 2023 19:42 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 16 фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ ба дасти низомиёни саҳюнист

Низомиёни артиши режими саҳюнистӣ 16 шаҳрванди фаластинӣ аз ҷумлаи 2 тан аз фармондеҳони Ҷиҳоди исломиро дар нуқоти мухталифи Каронаи бохтарӣ боздошт карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Шаҳоб ниюз,низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дишабу бомдоди имрӯз панҷшанбе мавҷи густардае аз боздоштҳои шабонаву бомдодии фаластиниёнро дар нуқоти мухталифи Каронаи бохтарӣ ба роҳ андохтанд.
Дафтари иттилоърасонии асирони Фаластин эълом кард низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар шаҳраки Байтамр, воқеъ дар шимоли Алхалил ва ҷануби Каронаи бохтарӣ 13 фаластиниро боздошт карданд.
Султон Халуф ва Ҳилол Халуф 2 тан аз фармондеҳони ҷумбиши Ҷиҳоди исломӣ низ дар Ҷанин аз сӯи низомиёни артиши режими саҳюнистӣ боздошт шуданд.
Дар Ноблус низ низомиёни артиши режими саҳюнистӣ пас аз юриш ба хонаи Ҷаъфар Марвон,донишҷӯи фаластинии донишгоҳи Алнаҷоҳ дар шаҳраки Қаблон воқеъ дар ҷануби Ноблус вайро боздошт намуданд.