Август 05, 2023 10:17 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҷавони фаластинӣ ба зарби гулӯлаи саҳюнистҳо дар Каронаи бохтарӣ

Манобеи фаластинӣ ҷумъашаб аз шаҳодати « Қусайи Ҷамол Муътон-ҷавони 19 фаластинӣ ба зарби гулӯлаи саҳюнистҳо дар ҷануби Ромуллоҳ ( Каронаи бохтарӣ ) хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҷавони фаластинӣ дар рӯстои " Барқа " дар ҷануби Ромуллоҳ тавассути як шаҳракнишини саҳюнист ҳадафи гулӯла қарор гирифт.
Ҳамчунин неруҳои ишғолгари саҳюнист ба рӯйи як худрави шахсӣ дар минтақаи " Ҳураш ал-Саъодаҳ” и Ҷанин оташ гушӯданд, ки мунҷар ба ҷароҳати ду ҷавони фаластинӣ шуд.
Идомаи ҷиноёти саҳюнистҳо дар ҳолест, ки Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи ҷумъа нисбат ба афзоиши чашмгири ҳамалоти шаҳракнишинони Исроил ба мардуму амволи фаластиниҳо дар Каронаи бохтарии ишғолӣ ҳушдор дод.
 

 

Барчасп