Супоридани визаи электроникии Арабистон ба шаҳрвандани Осиёи марказӣ
(last modified Tue, 08 Aug 2023 09:11:24 GMT )
Август 08, 2023 14:11 Asia/Dushanbe
  • Супоридани визаи электроникии Арабистон ба шаҳрвандани Осиёи марказӣ

Арабистони саъӯдӣ дар назар дорад ба шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон визаи электроникӣ бидиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, бар асоси эъломи Вазорати гардишгарии ин кишвар ин кишварҳо шомили Озарбойҷон, Албания, Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Узбекистон ва Африқои ҷанубӣ мебошанд.
Шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд визаи электроникиро ё дар кишвари худ ва ё пас аз вуруд ба яке аз фурудгоҳҳои Арабистон дарёфт кунанд .
Ин виза метавонад барои гардишгарӣ, ҳаҷҷи умра, дидор бо ақвому дӯстон ва ҳамчунин барои мақсадҳои тиҷорӣ истифода шавад .

Аҳмад Алхатиб-вазири гардишгарии Арабистони саъудӣ низ чанде қабл дар ин замина гуфт : Бо густариши дастрасӣ ба визаи электроникӣ ба 8 кишвари ҷадид, Арабистони саъудӣ бо боз кардани дарҳои худ ба рӯйи ҷаҳон ва ироаи таҷрибаи сафари осонтару содатар барои ҳамаи боздидкунандагон ба ин кишвар, гоми дигаре ба пеш бармедорад.