Август 12, 2023 10:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди узви Ҳамос бар лузӯми ваҳдати гуруҳҳои фаластинӣ

Раиси дафтари равобити байналмиллалии Ҳамос бар лузӯми ваҳдати гуруҳҳои фаластинӣ ва тағйири моҳияти Ташкилоти худгардон ба ҳар василаи мумкин таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мӯсо Абумарзуқ-раиси дафтари равобити байналмиллалии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) гуфт:Исроил, Амрико ва кишварҳои фаъол дар масъалаи Фаластин монеъ аз оштӣ мешаванд. Телвив бо мавҷӯдияти кишвари фаластинӣ мухолиф аст ва мехоҳад бо эҷоди ду миллион воҳиди шаҳраксозӣ дар Каронаи бохтарӣ кори худро пеш бубарад.
Абумарзуқ дар идома афзуд: Масҷидулақсо акнун тақсими замонӣ шуда ва Исроил ба дунболи таҷзияи маконӣ аст.Телвив ҷанг бар сари Масҷидулақсоро ба даргирии мазҳабӣ табдил кардааст.
Абумарзуқ таъкид кард имрӯз Каронаи бохтарӣ арсаи даргирӣ бо Телвив аст ва агар ҳуқуқи худро мехоҳем бояд бо ҳар василае бо Исроил муқобила кунем.
Узви аршади Ҳамос бо баёни инки Исроил мехоҳад фаластиниҳоро аз Каронаи бохтарӣ берун барад, таъкид кард ҳузури фаластиниҳо дар онҷо набояд мавриди чоназанӣ қарор гирад ва бар зарурати фаъолсозии муқовимат таъкид шавад, ки дар раъси он муқовимати мусаллаҳона аст.
Раиси дафтари равобити байналмиллалии Ҳамос фош кард даргирӣ дар урдӯгоҳи Айнулҳалва тавассути тарафҳои хориҷӣ идора мешавад, ки мехоҳанд контроли амниятии худро бар он густариш диҳанд.


 

 

Барчасп