Август 15, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Вуқуъи таркиши даҳшатнок дар минтақаи саноъатӣ дар Тел-Авив

Манобеи маҳаллӣ аз таркиши даҳшатнок дар минтақаи саноъатӣ дар шимоли Тел-Авив, воқеъ дар Фаластини ишғолӣ хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории Шаҳоб ,расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд таркиши даҳшатнок дар як минтақаи саноъатӣ бо номи « Ромот Ҳашорон » дар шимоли Тел-Авив ба вуқуъ пайваст, ки дар ин ҳодиса камаш 3 нафар захмӣ шуданд.
Бар асоси ин гузориш аз шаҳракнишинон дар минтақаи « Ромот Ҳашорон » хоста шуда, ки ба далели нашти маводи хатарнок дар паи инфиҷори маҳиб дар ин минтақаи саноъатӣ, дарҳову панҷараҳои манозили худро комилан баста кунанд.
Бархе манобеъ ин корхонаро низомӣ тавсиф кардаанд.
Рӯзномаи саҳюнистии « Ядиют оҳоронот » муддаӣ шуд вуҷуд ва нашти маводи хатарнок дар маҳалли инфиҷор рад шуд ва мақомоти саҳюнисти харобкорона будани маншаи ин инфиҷорро рад карданд .
Пеш аз ин низ ҳамзамон бо ошӯби сиёсӣ дар Тел-Авив манобеи маҳаллӣ аз инфиҷори як худрав дар яке аз шаҳрҳои бахши марказии Фаластини ишғолӣ хабар доданд, ки як кушта бар ҷой гузошт.
 

 

Барчасп