Ҳамос: Афзоиши амалиёти муқовимат баёнгари шикасти амниятии режими саҳюнистӣ аст
Сухангӯи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос)) дар Қудси шариф таъкид кард, афзоиши амалиёти муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ, ки ҳаррӯз бештар мешавад, гувоҳӣ равшан бар шикасти иқдомоти амниятии режими саҳюнистӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммад Ҳамода, сухангӯи ҷумбиши Ҳамос гуфт, тамоми талошҳое, ки ишғолгарони саҳюнист анҷом доданд то ҳайбати муқовимат дарҳам шикаста шавад, токунӯн ба ҳадар рафтаасту қудрати муқовимат дар муқобила бо саҳюнистҳо афзоиш меёбад.
Вай афзуд, ҳамаи амалиёти муқовимат дар иртиботи мустақиму танготанг бо иҳонат ба масҷиди мубораки Ақсо сӯрат мегираду васияти шумори зиёде аз шуҳадои Фаластин он аст, ки пеш аз анҷоми амалиёти зиддисаҳюнистӣ аз Ақсо ёд карданд.
Сухангӯи ҷумбиши Ҳамос, муқовимати рӯзафзӯнро посухи табиӣ ба таҷовузгарии саҳюнистҳо ва шаҳракнишинони он донист, ки мутаваҳҳишона ба шаҳрҳо ва рӯстоҳои фаластинӣ юриш мебаранд.