Сирқати осори бостонии Сурия тавассути ишғолгарони амрикоӣ
(last modified Sun, 27 Aug 2023 13:38:19 GMT )
Август 27, 2023 18:38 Asia/Dushanbe
  • Сирқати осори бостонии Сурия тавассути ишғолгарони амрикоӣ

Низомиёни Амрико бо ҳамкории шибҳи низомиёни Қасд ҳамчунон осори бостонии Сурияро сирқат ва тахриб мекунанд.

Амрико бо ишғоли манотиқи шарқу шимоли шарқи Сурия беш аз 28 пойгоҳи низомӣ эҳдос кардааст. Шибҳи низомиёни Қасд ба абзори Амрико дар ин манотиқ табдил шудаанд.

Ҳадафи аслии Амрико аз ишғоли бахшҳое аз Сурия илова бар ғорати нафту манобеи зери заминии Сурия талош барои ҳузури доимӣ дар бахше аз хоки Сурия аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, неруҳои амрикоӣ бо ҳамкории шибҳи низомиёни Қусд таҳти тадобири шадиди амниятӣ дар манотиқе дар атрофи Қомшлӣ иқдом ба ҳаффорӣ, ғорату қочоқи осори бостонӣ карда ва онҳо ба хориҷ аз кишвар интиқол доданд.

Ширкати кулли роҳи оҳани Сурия ҳам дар баёнияе эълом кард, шибҳи низомиёни «Қасд» ба сирқати осори бостонӣ, роҳи оҳану зерсохтҳо, имконоту таҷҳизоти он ҳамроҳ бо локомотивҳо, камиюнҳо ва мошинолот дар манотиқе аз устонҳои Дайр аз Зур ва ал Ҳасака, ки ҳузур доранд, идома медиҳанд.

Ширкати роҳи оҳани Сурия дар ин баёния афзуд, тахриби систематаи роҳи оҳани Сурия, ки бо ҳимояту пӯшиши мустамари амрикоиҳо анҷом мешавад, бахше аз тарҳҳои нафратангез бо ҳадафи роҳзанӣ ва ҷинояту ғорати манобеи нафт, кишоварзӣ ва обхездорӣ ба манзури бахше аз фишорҳои иқтисодӣ бар мардуми Сурия ва зарба задан ба тавонмандиҳо ва рушди онҳо илова бар иқдомоти қаҳрӣ ва таҳримҳои якҷониба анҷом мешавад.